ИШҚИ ВАТАН

ИШҚИ ВАТАН

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон чун сафҳаи сиёҳи таърих, дар ёди мардум хотироти ғамангезе боқӣ гузоштааст. Ин ҷанг боиси қурбон шудани беш аз 150 ҳазор шаҳрванди кишвар ва саргардонию рӯ ба ғурбат овардани ҳазорони дигар шуд.

Дар бораи даргириҳои водии Рашт хабарҳои даҳшатбор мерасид. Онҳое, ки моҳ-моҳ дар кӯҳу даман аз пайи мухолифин мегаштанд, дигар ихтиёри рафтан намекарданд. Вале 333 нафар ҷавонони дилогоҳу ватанпарвари шаҳри мо ҷони худро ба хатар гузошта, дар кӯҳу дашту даман майдондорӣ карданд.

Аз ин родмардон 8 нафар беномунишон, 38 нафар ҳалок шуданд, 6 нафари дигар бо ҷисми ҷароҳатбардоштаю озорёфта баргаштанд.

Мавлуда Саидова яке аз занҳоест, ки барои пойдор намудани сохти конститутсионӣ ихтиёрӣ ба ҷабҳаи набарди хайру шар рафтааст. Он вақт ӯ чун корманди шӯъбаи “Муҳофиза” кор мекард.

- Аслан касе ҷонибдори сафари хидматии ман набуд. Моҳи феврали соли 1996 довталабона барои сафаробар шудан ба минтақаи даргир пеш баромадам. Командири взводи шӯъбаи “Муҳофиза” Алиҷон Ҳошимов ба рафтани ман зид буд. – Он ҷо ҷои бозӣ нест, эҳтимоли рафтану барнагаштан ҳам ҳаст, - гуфт ӯ, вале ман, ки фарзанди хурдиям 5 сол дошт, қатори мардон ба роҳ баромадам. Маро нанг меомад, ки дар ҷануби кишвар тоҷик бо тоҷик меҷангад ва қатори садҳо ҷавонмардони қавиирода ба ин ҷанги бародаркуш нуқта гузоштанро қарори худ ҳисобидам. Ҳастии як зан дар байни гурӯҳ бисёриҳоро нороҳат ҳам мекард, зеро он ҷо марг ҳар лаҳза дар камин буд. Даврон Муҳиддинов борҳо ғур-ғур мекард.

- Дар Тавилдара оташи ҷанг фурӯзон буд ва ҷаҳолат гоҳо бар ақл ғолиб меомад. Мухолифин ҳар шаб шабохун мезаданд. Деҳа ба деҳа, хона ба хона амалиёти тозакунӣ мегузаронидем. Дар ин роҳ талафот ҳам медодем. Дар яке аз чунин задухӯрдҳо ба ҳалокат расидани афсари ҳамдиёрамон Абдувоҳид Яҳёев то ҳол аз пеши чашмам намеравад. Ин Абдувоҳидро медонед, солҳо дар Конибодом нозири БДА буд, - ёди он рӯзҳо мекунад Мавлуда Саидова.

Ӯ дастпарвари дабистони №24 ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буда, солҳои 1985-1994 аввал коргузор, пас чун милитсионер дар ШВКД-и шаҳри Конибодом фаъолият намудааст.

Соли 1997 баъди баргаштан аз ҷанги бародаркуш рутбаи афсарро сазовор шуд. Худи ҳамон сол дар вазифаи сардори шӯъбаи кадрҳои “Муҳофиза”-и шаҳри Исфара, солҳои 2011-2014 сардори шӯъбаи кадрҳои дастаи таъиноти махсус (ОМОН)-и ноҳияи Рашт фаъолияташро идома бахшидааст.

Саҳми ин зани ватандӯст дар барқароркунии сохти конститутсионӣ бо медалҳои “Барои шуҷоат ва мардонагӣ”, “Собиқадори амалиёти ҳарбӣ”, “Барои амалиёти ҷангӣ дар Тоҷикистон”, бо Фармони РОФ “Единство” №27 аз 25.08.2016 “Ветеран боевых действий. Таджикистан” ва бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ №372 аз 12.06.2018 бо нишони сарисинагии “20-солагии таъсисёбии созмони собиқадорони ВКД ҶТ” сарфароз гардонида шудааст.

Дар ин рӯзҳо, ки мардум Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд, дар дили Мавлуда эҳсоси ифтихор аз саҳмгузорӣ дар хомӯш сохтани оташи ҷанг фаро мегирад.

Фирӯзаи АБДУЛАЗИЗ.

Рӯзномаи “НУРАФШОНИ КАНД” №5-6 (113) аз 24 июни соли 2020

    Фотографии
  • ИШҚИ ВАТАН
  • ИШҚИ ВАТАН
    Файлы для скачивания
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16