Маросими савгандёдкунии наваскарони қисми низомии №04080

Маросими савгандёдкунии наваскарони қисми низомии №04080

Дар рӯзи таҷлили ҷашни таърихии 24-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Майдони Исмоили Сомонӣ тантанаи қабули савганди ҳарбӣ аз ҷониби наваскарон баргузор шуд.

Дар вазъияти тантанавӣ як гуруҳ наваскарон савганди ҳарбӣ ёд намуданд.

Сарбозону афсарон ва падару модарони наваскаронро ба ин муносибат муовини аввали раиси шаҳр Фирдавс Ёдгорӣ самимона табрику муборакбод намуда, сиҳатмандӣ ва ба хотири ободиву осудагии кишвари азизамон хизмати  сарбаландона  орзу намуд.

«Дар ин айёми шукуҳманд мавриди зикр аст, ки қаҳрамониҳои бемисли насли калонсол - иштирокдорони  Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳамчунин, шуҷоату матонати ҳимоятгарони сохти конститутсионии ҷумҳуриамон дар солҳои 90-уми асри гузашта  моро водор месозад, ки мисли онҳо фидокору шуҷоатманд, ҳимоятгари воқеии ин марзу бум ва муҳофизи сулҳу оромии Ватан бошем. – зикр кард ӯ.

Раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр полковник Солиҷон Раҳимов бо изҳори боварӣ таъкид кард, ки: “Шумоён - фарзандони азиз, ҳамаи онҳое, ки садоқатмандона ба Ватани азизи хеш  савганд ёд намуданд, ҳамчун ворисони арзандаи насли қаҳрамон ин сарзаминро сидқан дӯст дошта, баҳри пойдории сулҳу оромӣ ва ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол вафодорона хизматҳои сазовор менамоед. Зеро интихоби роҳи неку дурусти зиндагӣ ва пайравӣ ба ҳаёти ибратбахши падарону бобоён кафолати бурди шумост ва  бешубҳа, ҷомеа ва падару модаронатон  аз шумо умед ва ба қувваи созандаатон  боварӣ доранд. 

Наваскар Ашӯров Бунёд ҷавобан иброз дошт, ки ӯ ва ҳамхизматонаш бо азму иродаи қавӣ ва нерӯи ҷавонмардӣ сарзамини муқаддаси аҷдодиро ҳифзу ҳимоя намуда, ҳар ваҷаби онро аз газанд эмин нигоҳ медорад. Бо хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар фарзанди асили Модар-Ватан будани худро исбот хоҳанд кард.

Аз тарафи сарбозони қисми низомӣ машқҳои гуногуни ҳарбӣ иҷро карда шуд.

Манбаъ: www.konibodom.tj
    Фотографии
  • Маросими савгандёдкунии наваскарони қисми низомии №04080

    Файлы для скачивания