Суҳбат бо модари сарбоз

Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ намояндагони шуъбаи занон ва ҷавонони
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова ва Акмал Шарипов бо
модари наваскар- Иззатулло Ғаниев, ки имсол бахши магистратураи ДДХ ба номи
академик Б. Ғафуровро бомуваффақият хатм намуда, бо хоҳиши худ барои хизмат ба
Ватан- Модар равона гашт, сӯҳбат оростанд.
Нафиса Ғаниева солҳост, ки бо пешаи пуршарафи омӯзгорӣ машғул буда,
аз ҳисоби ин касб фарзандонро ба камол мерасонад. Иззатулло фарзанди нахустини
хонадон аст. Бачаи ором ва хушмуомила буда, бо дӯстон муносибати хоксорона
дорад. Ихтисоси барномасозиро, ки бо баҳои аъло хатм намуд, намояндагони чанд
идораву ташкилотҳо ба кор даъват карданд, аммо ҳисси ватандӯстиву ифтихори
миллӣ ӯро нагузошт, ки хизмати Ватанро адо накарда, ба фаъолияти корӣ шуруъ
намояд. Бинобар он, соли равон дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ яке аз
аввалинҳо шуда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар раҳсипор шуд. Хизмат ба
Ватанро қарзи аввалиндараҷа шуморид. - мегӯяд боифтихор модараш Нафиса.
Муаллима дар МТМУ №21 насли наврасро дар рӯҳияи худшиносӣ ва
худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва ифтихор аз миллату давлати осуда
тарбия намуда, муҳофизати марзу буми ин меҳани аҷдодиро вазифаи аввалиндараҷаи
ҳар сокини ватандӯст меҳисобад. Имрӯз аз модари сарбози ватандӯст будани худ
ифтихор дорад.
Нафиса Ғаниева дар тантанаи гусели даъвати тирамоҳии наваскарон бо
ифтихор аз минбар сухан карда, аз ҷавонони даврони соҳибистиқлол даъват ба амал
овард, ки ба Ватани худ содиқона хизмат намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо
гардидани ин кишвари биҳиштосо саҳми арзанда гузоранд.
Фирӯза Шерматова, мутахассиси шӯъбаи занони
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом
Манбаъ: www.konibodom.tj