Таҷлили ҷашни 24-солагии Конститутсия дар кохи фарҳанги "Мошинсозон"

Рӯзи 5 ноябр бо ташаббуси кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти даватии шаҳр дар кохи фарҳанги “Мошинсозон” бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Дар он, баробари меҳмонони дигар, аъзоён аз ташкилоти “Ассотсиатсияи ветеранҳо”-и шаҳр, ташкилотҳои “Иттифоқи барқароркунандагони сохти конститутсионӣ”, “Ҷанговарони интернатсионалист” ва “Бартарафкунандагони садамаи Чернобил” 10 нафарӣ, ҷамъ 30 нафар иштирок доштанд. Чорабинӣ хеле ҷолиб гузашт. Ба варзишгарони шаҳр, ки дар мусобиқаҳои вилоятӣ ҷои аввалро ишғол намуда буданд, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Бахшида ба 100-солагии иди разведкачиён, ба се нафар ҷанговарони интернатсионалист медалҳои ҷашнӣ супорида шуд. Ба ҷавононе, ки бори аввал шиноснома гирифтанд, кормандони шӯъбаи шиносномадиҳӣ дар вазъияти тантанавӣ онро супориданд. Бахши фарҳангии он ба чорабинӣ фазои идона бахшид.

    Фотографии
  • Таҷлили ҷашни 24-солагии Конститутсия дар кохи фарҳанги "Мошинсозон"

    Файлы для скачивания