Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар шаҳри Конибодом

Дар қасри фарҳанги «Бодом»-и
шаҳри Конибодом ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ
баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини Сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри
Конибодом, подполковники милитсия Иброҳим Раҷабзода ҳусни оғоз бахшид. Сипас
раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ бо суханони табрикотӣ баромад намуда, кулли
кормандони милитсияи тоҷикро бо ин иди касбӣ табрик гуфта, дар иҷрои вазифаи
пурмасъулият, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дар ҷодаи пешгирӣ кардан ва мубориза
бар зидди ҷинояткорӣ комёбиҳо орзу намуд.
Гуфта шуд, ки милитсияи тоҷик аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ
рисолати пурмасъули хеш таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгириву мубориза бар
зидди ҷинояткориро садоқатмандона ба иҷро расонида, санҷишҳои ҷиддии таърихро
паси сар намудааст.
Хусусан, дар оғози даврони истиқлолияти давлатиамон, ҳангоми
ташаккули низоми нави давлатдорӣ
кормандони милитсия бори дигар собит намуданд, ки барояшон арзишҳои олии
Ватан, Истиқлолият, Сулҳу Ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон волою муқаддасанд.
Муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Анвар Раҳмонов номаи
шодбошии Сардори Раёсатро ба самъи ҳозирин расонид.
Дар вазъияти тантанавӣ як қатор кормандони мақомоти корҳои
дохилӣ ва шуъбачаи минтақавии Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил дар
вилояти Суғд бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,
Ифтихорнома ва Сипосномаҳои сардори
шуъба, медал, рутбаҳои махсус ва мукофоту тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида
шуданд.
Суруду таронаҳо дар иҷрои санъаткорони шаҳр анҷомбахши маҷлиси тантанавӣ гардид.
Манбаъ: www.konibodom.tj