Вохӯрӣ бо хонандагон

Оғоз аз аввали
моҳи октябр дар асоси нақша-чораҷӯии ТҶ “Ассотсиатсияи ветеранҳо” ва ҳамкорӣ бо
Шӯрои собиқадорони Ҷангу Меҳнати шаҳр, барқароркунандагони сохти
конститутсионӣ, ҷанговарони байналмиллал, бартарафкунандагони оқибатҳои садамаи
Чернобил, намояндагони шӯъбаи маориф, тандурустӣ, шӯъбаи кор бо ҷавонон дар
тамоми мактабҳои шаҳр, бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардида
истодааст. Чораҷӯӣ баҳри баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ, муҳаббат ба
Ватан, худшиносӣ ва шукргузорӣ аз шароити беҳтар ва вазъи ороми кишвар, ҳушёрии
сиёсӣ ва пешгирии шомилшавии наврасон ба ҳаракатҳои ифротгароӣ нигаронида
шудааст. То имрӯз дар 13 мактаб чунин вохӯрӣ баргузор шуда, дар он аъзоёни ТҶ
“Ассотсиатсияи ветеранҳо” - подполковник
Абдуманнон Сатторов, майор Илҳомҷон Акбаров, подполковник Аҳрор Мансуров,
капитани хизмати дохила Мавлуда Саидова, раиси ТҶ “Бартарафкунандагони
оқибатҳои садамаи Чернобил” Баҳодур Ғаниев, раиси ТҶ “Иттифоқи
барқароркунандагони сохти конститутсионӣ” Муродҷон Усупов, ҷанговари байналмиллал
Икромҷон Ахмедов ва дигарон сӯҳбати самимӣ ороста, аз ободии диёр ва ҳифзи он,
ахлоқи ҳамидаву рафтори мардонагӣ сухан карданд.