Маҳкамов Абдуваҳҳоб

Маҳкамов Абдуваҳҳоб

1 июли соли 1926 дар деҳаи Ниёзбеки ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарипов таваллуд ёфтааст. Ӯзбек. Маълумоташ миёна. Моҳи марти соли 1945 ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шудааст. Дар ҳайати полки тирандозӣ чун артиллерист аз марти соли 1945 то 2 сентябри соли 1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудааст.

Соли 1950 ба зодгоҳ баргашта то соли 1986 дар колхози “Коммунизм” дар ҳайси тракторчӣ адои вазифа намуда ба нафақа баромадааст.

Барои хизматҳои ҷангӣ ва меҳнатиаш бо медалҳои

        “Барои ғалаба бар Германия”

        “Барои ғалаба бар Япония”

        “Жуков”

        “Барои меҳнати шоён”

 ва 6 ҷашнӣ сарфароз гардонида шудааст.

Ҳоло дар ҳалқаи фарзандону пайвандонаш давлати пирӣ меронад.

Суроғааш: Ҷ/д Э.Шарипов, деҳаи Ниёзбек, кӯчаи Энгелс

    Фотографии