Умаров Абдураҳмон

Умаров Абдураҳмон

10 октябри соли 1926 дар деҳаи Маҳрами ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарипов таваллуд ёфтааст. Тоҷик. Маълумоташ миёна. Соли 1944 ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳайати полки тирандозии 992-и фронти Белоруссия чун артиллерист иштирок намудааст. Соли 1948 аз хизмати ҳарбӣ баргашта, аз соли 1950 то 1976 дар колхози “Коммунизм” чун ҳисобчӣ фаъолият намудааст. Барои хизматҳои ҷангиаш бо Ордени “Ҷанги Ватанӣ” Медалҳои “Барои ғалаба бар Германия” “Жуков” ва 7 медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шудааст. Ҳоло дар ҳалқаи фарзандону пайвандонаш давлати пирӣ меронад. Суроғааш: Ҷ/д Э.Шарипов, деҳаи Маҳрам, кӯчаи Шарипов

    Фотографии