Қобилов Комил

Қобилов Комил

23 феврали соли 1924 дар шаҳри Конибодом таваллуд ёфтааст. Тоҷик. Маълумоташ миёнаи нопурра. 1 октябри соли 1942 ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шудааст. Дар ҳайати полки тирандозии гвардиявии 131, дивизияи тирандозии 45 гвардиявии “Ленинград”, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун пулемётчӣ ҷангидааст. Дар майдони ҷанг захмӣ шуда, маъюби гурӯҳи 2-и ҶБВ мебошад. Баъди ҷанг аз соли 1952 то 1989 дар корҳои хархела дар идораи посбонии ШКД, коргоҳи нобиноён фаъолият намуда ба нафақа баромадааст. Барои хизматҳои ҷангиаш бо Бо ордени “Ҷанги Ватанӣ” Медалҳои “Барои ҷасорат” “Барои муҳофизати Ленинград” “Жуков” ва 7 медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шудааст. Ҳоло дар ҳалқаи фарзандону пайвандонаш давлати пирӣ меронад. Суроғааш: ш.Конибодом, кӯчаи Колхозӣ

    Фотографии